35 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара сохтмони иншооти соҳаи маориф идома дорад
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла мактабу кӯдакистон идома дорад. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №48 ва муассисаҳои томактабии №1, № 2-и шаҳри Конибодом таъмиру навсозӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 аз 2 ошёна иборат буда, барои 320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони муассисаи мазкур қисман ба итмом расида, корҳои рангуборӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ҷараён доранд.
Сохтмони муассисаи томактабии №1 соли 2023 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ оғоз гардида, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст ва ҳоло дар кӯдакистон корҳои рангуборкунӣ идома дорад.
Бинои Муассисаи томактабии №2 барои 250 кӯдак пешбинӣ гардида, сохтмони он соли 2021 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тариқи ҳашар оғоз шуда, ҳоло дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳамзамон дар мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара, сохтмони муассисаи нав ҷараён дорад. Муассисаи мазкур дорои 16 синфхона барои 480 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар бинои муассисаи мазкур корҳои рангуборкунӣ ҷараён дорад.
Дар назар аст, ки муассисаҳои мазкур бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил мавриди истифода қарор гиранд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






