Ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Суғд шинос мегардад
ДУШАНБЕ, 20.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба муаррифии ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ва шомилсозии онҳо ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё таҳти роҳбарии Жанат Сеидалиева дар Хуҷанд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбоути Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ эёҳ гардида, ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик аст.
Айни замон дар вилояти Суғд зиёда аз 1190 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст. Давоми солҳои 2019-2021 ҷиҳати шомилсозии шаш ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳадафи ташрифи меҳмонон омӯзиши пурра ва дақиқи ин иншоот мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки мутахассисон аз Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан боздид намуда, дар иншооти фарҳангӣ корҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мутахассисон бо таърихи бойи рангину халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, барои воридшавии иншооти нодиру ёдгориҳои қадима ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мусоидат мекунанд.
АКС: Хадамоти матбоути раиси вилояти Суғд








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






