Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳияи Фархор, ки аз офати табиӣ зарар диданд, кумак расонида шуд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки навбатии Пешвои миллат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили тахта, семент, қуму шағал, меху сим ва арматура иборат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор 36 манзили истиқоматӣ ва 112 иншооти ёрирасони сокинон зарар дид.
Ин гуна кумакҳои башардӯстона аз рӯзи баамаломадани офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба зарардидагон расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли равон бинобар номусоид омадани ҳаво ва омадани селу фаромадани ярч манзили истиқоматии сокинони деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






