Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор кумак расонида шуд

Июль 22, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳияи Фархор, ки аз офати табиӣ  зарар диданд, кумак расонида шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки навбатии Пешвои миллат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили тахта, семент, қуму шағал, меху сим ва арматура иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи боронҳои  зиёд дар деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор 36 манзили истиқоматӣ ва 112 иншооти ёрирасони сокинон зарар дид.

Ин гуна кумакҳои башардӯстона аз рӯзи баамаломадани офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба зарардидагон расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 майи  соли равон бинобар номусоид омадани ҳаво ва омадани селу фаромадани ярч манзили истиқоматии сокинони деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 22, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд