Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?

Июль 12, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли тобистон бинобар риоя накардани истифодаи ҳавополо, аз ҳад зиёд нӯшидани оби хунук ва яхмос гирифторшавӣ ба бемории илтиҳоби шуш, хусусан дар байни кӯдакон ва наврасон бештар мегардад. Ин матлабро сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

«Бемории илтиҳоби шуш мавсимӣ буда, дар ин фасли сол аз беэҳтиётии шахс хуруҷ мекунад. Омили асосии гирифтор шудани шахс ба ин беморӣ, ин гарму хунук шудани организм мебошад. Агар сари вақт ба табиб муроҷиат карда, онро пешгирӣ намоем, ин беморӣ хуруҷ намекунад. Омили гирифтор шудани ба бемории илтиҳоби шуш дар ин фасли сол истеъмоли зиёди нӯшокиҳои хунук, аз қабили об ва яхмос, инчунин паст будани масунияти бадан мебошад. Шахсони калонсол каме ҳам бошад эҳтиёт мекунанд, аммо кӯдакону наврасонро бояд волидайн назорат намоянд»,- афзуд номбура.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки гармии зиёд ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар мерасонад, зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. Кӯдакон истеъмоли яхмосро бештар дӯст медоранд ва онро бештар талаб мекунанд. Дар чунин ҳолат аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт намуда, нагузоранд, ки хурсолон аз меъёр зиёд яхмос истеъмол намоянд.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» -и шаҳри Ваҳдат Юсуфшоҳ Хоҷаев тасдиқ кард, ки бемориҳои илтиҳоби шуш ва илтиҳоби найчаи шуш дар фасли тобистон бештар мушоҳида мешаванд. Барои гирифтор шудан ба ин бемориҳо якчанд омилҳо мавҷуд мебошанд, ки яке аз онҳо дар гармӣ талаботи организм ба обҳои ташнагишикани хунук ва махсусан кӯдакон ба яхмос бештар мегарданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «бештари волидайне, ки муроҷиат мекунанд, мегӯянд, ки кӯдакони онҳо майл ба яхмос ва обҳои рангаи ташнагишикан бештар доранд. Дар ин ҳолат волидайн вазифадоранд, ки реҷаи истеъмоли яхмос ва дигар обҳои ташнагикишанро барои кӯдак танзим намоянд. Набояд модарон ба ҳар хостаи фарзанди худ розӣ бошанд, зеро кӯдак зарар ва фоидаи истеъмоли ҳар гуна маҳсулотро намефаҳмад. Бояд гуфт, ки истеъмоли яхмос ба кӯдакони аз 3 сола боло тавсия дода мешавад. Танҳо дар як ҳафта ду ё се маротиба».

«Аломатҳои бемориии илтиҳоби шуш сулфа, дарди гулӯ, хориши гулӯ ва ҳарорати баланд мебошад. Дар ҳолати авҷ гирифтани он дар бемор нафастангӣ мушоҳида мешавад. Дар мавриди мушоҳидаи ин аломатҳо ҳатман ба табиб муроҷиат намоед»-гуфт номбурда.

Юсуфшоҳ Хоҷаев иброз намуд, ки дар ҳолати худсарона ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба ин беморӣ дар шуши инсон ковокӣ пайдо мешавад. Ин омил инсонро ба бемории пневмонияи фасодӣ оварда мерасонад, ки оҳиста-оҳаиста бемор аз даҳони худ хун хориҷ мекунад, ки ин оризаи шадиди илтиҳоби шуш мебошад. Дар сурати муроҷиат накардан ба табиб хафи ҷонӣ низ дорад.

Тавре мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Таманно Файзуллоева иброз намуд, яхмосро аз ҳама бештар кӯдакон ва наврасон дӯст медоранд. Истеъмоли ҳама намуди яхмос ва аз ҳад зиёди онро ба кӯдакон тавсия дода намешавад. Махсусан истеъмоли яхмоси қаймоқӣ, зеро аз ҳисоби зиёд будани равғаннокӣ кӯдакро ба гирифтани вазни зиёдатӣ бурда мерасонад. Ҳамчунин яхмоси қаймоқию шоколодӣ низ дар таркиби худ миқдори зиёди равған дорад ва духтурон дар харидории ин намуд барои кӯдакон ба волидайн ҳушдор медиҳанд, ки эҳтиёткор бошанд. Махсусан, дар харидории яхмоси шоколадии қиёми қанддор тавсия дода намешавад. Зеро он кӯдаконеро, ки организмашон майл ба диатез дорад, ба касалии аллергетикӣ бурда мерасонад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, намудҳои дигари яхмос дар худ як қатор маводи ғизодор чормағз, мева, асал ва ғайра доранд, ки ба организми инсон қувва ва неруи тоза мебахшад. Тиб муайян кардааст, ки ширинӣ одамро болидарӯҳ мегардонад. Инчунин карбогидратҳои зудҳазмшавандаи яхмос барои тоза ва болида гардонидани майнаи сар беҳтарин ғизо буда, истеъмоли он ба донишҷӯён ва талабаҳои мактаб тавсия дода мешавад, аммо аз ҳад зиёди он тавсия дода намешавад.

Дар байни яхмосҳо, танҳо яхмоси мевагӣ аз зиён холист. Зеро дар он моддаҳои кимиёвӣ, хушбӯйкунандаҳо ҳамроҳ намекунанд. Яхмоси аз ҳама зарарноктарин бо нархи арзон фурӯхта мешавад. Химикатҳое, ки ба онҳо илова карда мешаванд, миқдори холестеринро дар хун зиёд мекунанд ва истеъмоли ҳаррӯзаи яхмос боиси афзоиши вазн мегардад.

Кӯшиш намоед, ки дар хона аз меваю сабзавот хӯришу обмева тайёр намоед, зеро беҳтарин нӯшокӣ дар гармост. Кӯдакон ва аҳли оилатонро бо нӯшидани оби ҷӯш одат намоед. Нӯшидани пайваста ва мунтазами оби гарм як одати муҳими солим барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо мебошад. Инчунин нӯшидани оби гарм метавонад ба беҳтар шудани қобилияти бадан барои ҳазм кардани ғизо ва аз худ кардани маводи ғизоии зарурӣ мусоидат кунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад