ЧОЙХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР КЛАГЕНФУРИ АВСТРИЯ. Суратгузориш аз ифтитоҳи он баъди таъмиру навсозӣ

Июль 5, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба 32-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар шаҳри Клагенфур, чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.

Барқарорсозии чойхонаи тоҷикӣ дар макони нав бо ибтикору ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мусоидати шаҳрдории Клагенфурт дар давоми 2 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.

Дар маросими ба истифода додани чойхона баъди таъмиру навсозӣ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирок намуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» суратгузориш омода намуд, ки дар зер манзур мегардад.

Таҳияи Зоҳирҷон Тоирзода,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 5, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад