Дар Бӯстон 17 ҳазор метри мураббаъ роҳ мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат ва ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз ёфт, ки масоҳати умумии он 17 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матуботи Раиси вилоятти Суғд хабар медиҳад.
Роҳи кӯчаҳои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш гардида, фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон иттилоъ дод, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду баистифодадиҳии 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 8 ҳазори он ба истифода дода шудааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ садҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад.
Сокинон аз чунин иқдом ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат руҳбаланд гардида, омодагии худро барои анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ изҳор доштанд.
АКС: Хадамоти матуботи Раиси вилоятти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






