Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо маблағи 9 миллион доллар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик насби дурбинҳои мушоҳидавӣ оғоз гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
«Шаҳри бехатар» бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида, маблағи мазкур барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истода, 5 лоиҳаи сармоягузории он ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ равона шудааст.
Таҷриба нишон дод, ки амалисозии «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ошкору дастгиркунии афроди ҷиноятпеша ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон мусоидат намуда, то андозае пеши роҳи бетартибиҳоро дар ҳудуди пойтахт гирифтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






