Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар мутахассисони варзидаи мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ омода мешаванд

Июль 29, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 131 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар дар шуъбаи рӯзона, 128 нафар фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ- ин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ба ин васила омода намудани мутахассисони варзида дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад. Сол ба сол ҳудуд ва доираи ҳамкории донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимию ташкилоти хориҷии минтақавӣ ва давлатҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда мешавад.

Ҳоло донишгоҳ бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва гузаронидани барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани маърузаҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани даврҳои такмили омӯзгорон дорад.

Дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус бо донишгоҳҳои ин давлатҳо, ба монанди Донишгоҳи давлатии Рязан ба номи С.А. Есенин, Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Ефрасини Полоский шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июль 29, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад