Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ доир гардид

Июль 3, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид. Дар ин хусус раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) аз соли 1995 инҷониб, ҳамасола 2 июл таҷлил мегардад.

AIPS ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст ва имрӯз 100-сола шуд. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 мамлакати ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои AIPS мебошанд.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ки 25 январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74-уми AIPS дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.

Дар ҳамоиш раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов гуфт, ки «аҳдофи аслии созмони мо рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад».

Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳамадшоҳ Абдуллозода хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон муборакбод гуфта, ба онҳо барои кори пурмаҳсулашон дар ташвиқу тарғиби варзиш, ҳаракати олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим изҳори сипос намуд.

Муҳамадшоҳ Абдуллозода афзуд, ки «варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26 июл то 11 августи имсол дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, бо шумули 14 нафар иштирок хоҳанд кард. Шаш нафари онҳо — Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2024 мушарраф гардиданд».

«Қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таэквондо ва гӯштини озод марбут аст. Давлат Болтаев, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс, Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо, Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд»,-гуфт Муҳаммадшо Абдуллозода.

Номбурда иброз дошт, ки ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота ихтисос дода мешавад.

Дар рафти мулоқот хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад