Дар Душанбе вобаста ба нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид

Июль 19, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 19.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» конференсияи илмӣ назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи конференсия, бахшида ба Соли мaърифaти ҳуқуқӣ, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Зимни конференсия зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳои воридкардашуда, тағйирот ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ватанпарастии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон ва пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб ва қонуншиканиҳо дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин вобаста ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба иштирокчиёни конференсия гузориши муфассал пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки конференсия мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июль 19, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд