РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд

Июль 13, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар 65 корхонаи саноатии шаҳри Исфара бахшида ба Солҳои рушди саноат (солҳои 2022 – 2026) тадбирҳои муассир андешида шуда, дар натиҷа дар онҳо ба маблағи 162 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2023 ба андозаи 82,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Дар шаш моҳи соли равон рушди иқтисодӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 33,6 фоиз таъмин карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла иброз доштанд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Исфара барои равнақи соҳаи саноат, ки яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад ва барои рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад, тамоми тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард