Дар ноҳияи Панҷ иқдоми «Тобистони бехатар дар обҳо» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бехатарии кӯдакон дар назди обҳо, махсусан дар давраи таътили тобистона чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, аз ҷумла иқдоми «Тобистони бехатар дар обҳо» роҳандозӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳия дар байни ноболиғону кӯдакон дар бораи қоидаҳои оббозии бехатар ва будубош дар соҳилҳо суҳбат карданд.
Ҳамчунин наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ ба иштирокчиён роҳҳои аз об берун баровардани шахси ғарқшаванда ва расонидани кумакҳои аввалии тиббиро нишон доданд, ки мақсад асосии иқдоми мазкур ба ҳисоб меравад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об ба шаҳрвандон қоидаҳои зерини бехатариро пешниҳод менамояд, то наврасон ҳангоми оббозӣ онҳоро бояд риоя кунанд:
— барои дар об ғарқ нашудан бояд маҳорати хуби шиноварӣ дошт;
— ҳангоми шиноварӣ аз соҳил дур набояд рафт, чунки дар мавриди аз соҳил дур шудан қуввати шиновар кам гашта, маҷоли бозгашт намеёбад ва ногаҳон ба таҳлука меафтад;
— танҳо баъди 1,5 — 2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард;
— то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
— дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;
— набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;
— дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;
— дар об саргарми ҳар гуна бозиҳо нашавед, ки дасту пои шуморо аз ҳаракат медоранд ва ҳаракати шуморо маҳдуд мекунанд;
— ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзонед ва ҳангоми дар наздикии об будан онҳоро беназорат нагузоред;
— агар ҳарорати бадани шумо боло ё поин бошад, оббозӣ кардан мумкин нест, зеро ин оқибати нохуб дошта, дар об дар чунин ҳолат мондан хатарнок аст;
— дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;
— дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед;
— агар шумо шиноварӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;
— дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;
— агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар рӯи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, бо сар дар об хобед ва истироҳат намоед;
— агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;
— агар шумо дар ҷараёни об мондед, ба таври диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед.
Бояд тазаккур дод, ки барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар байни аҳолӣ, лагерҳои истироҳатӣ, истироҳатгоҳҳо бояд пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳо гузаронида шаванд. Инчунин дар назди соҳили кӯлу дарёҳо ва обанборҳо овезаҳои махсус барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ бояд насб гарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






