Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 157 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 7 корхона зиёд буда, дар онҳо 34 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
«Тибқи нақша имсол 5 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 224 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, тасмим дорем, ки то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави кории дигар дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоии ноҳия муҳайё созем», -гуфт иҷрокунандаи Раиси ноҳия.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 320 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ






