Дар оянда мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сарҳадро тавассути «дарвозаи электронӣ» убур менамоянд
ДУШАНБЕ,18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловаҳо ворид намуд, ки тибқи он ҳангоми гузаронидани назорати сарҳадӣ дар фурудгоҳҳо тавассути низоми автоматикунонидашудаи назорати шиноснома – «дарвозаи электронӣ» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд тавассути «дарвозаи электронӣ» аз назорати сарҳадӣ гузаранд. Тартиби гузаштан аз низоми автоматикунонидашудаи назорати шиноснома аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад», — гуфта мешавад дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи мамлакат нашр шудааст. Дар сурати убури сарҳади давлатӣ тавассути «дарвозаи электронӣ» дар ҳуҷҷатҳо аломатҳои дахлдор гузошта намешаванд.
Низоми автоматикунонидашудаи назорати шиносномаҳо дар сарҳад шахсияти мусофирро дар асоси маълумоти биометрикӣ муайян месозад. Барои гузаштан аз он, мусофир шиносномаро ба дастгоҳе мегузорад, ки тамоми маълумоти шиносномаи биометриро бе иштироки сарҳадбон нусхабардорӣ (скан) ва тафтиш мекунад.
Дар шиносномаи биометрӣ микрочип мавҷуд аст, ки маълумоти он бо ёрии дастгоҳи махсус хонда ва санҷида мешавад. Дастгоҳ дар муддати кутоҳ таносуби чеҳраи мусофирро бо тасвири чипи шиноснома муқоиса мекунад. Вақти гузариши назорати сарҳадӣ аз «дарвозаи электронӣ» барои мусофире, ки аллакай омода аст, аз 30 то 45 сонияро ташкил медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд






