Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар масъалаи пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ баррасӣ шуд

Июль 29, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизон доир гардид, ки дар он масоили марбут ба натиҷагирии  тафтишоти судӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва боз ҳам устувортар гардонидани муносибати хуби байниҳамдигарии сарбозон дар доираи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баргузории Шурои навбатии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ дар ин гарнизон идомаи татбиқу амалигардии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, аз тадбирҳои афзалиятноки масъулини мақомоти прокуратура дар Соли маърифати ҳуқуқӣ дониста шуд.

Роҳбарият ва аъзои Шуро оид ба иҷрои саривақтии корҳои тарбиявӣ, ки самти муҳимтарини фаъолияти ҳайати шахсӣ маҳсуб мешаванд, маъруза намуда, бо назардошти баррасии масъалаҳои ҳалталаб иброз доштанд, ки барои беҳдошти вазъи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳайати шахсӣ ба татбиқи нақшаи барномаҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон аз машғулияти рӯзмарраи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки дар замони ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо набзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккаб арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ зарур аст, ки зимни гузаронидани дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ оид ба болоравии сатҳи донишу малака, маънавиёту маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинию зиракии сиёсии сарбозон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд