Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар масъалаи пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизон доир гардид, ки дар он масоили марбут ба натиҷагирии тафтишоти судӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва боз ҳам устувортар гардонидани муносибати хуби байниҳамдигарии сарбозон дар доираи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Баргузории Шурои навбатии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ дар ин гарнизон идомаи татбиқу амалигардии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, аз тадбирҳои афзалиятноки масъулини мақомоти прокуратура дар Соли маърифати ҳуқуқӣ дониста шуд.
Роҳбарият ва аъзои Шуро оид ба иҷрои саривақтии корҳои тарбиявӣ, ки самти муҳимтарини фаъолияти ҳайати шахсӣ маҳсуб мешаванд, маъруза намуда, бо назардошти баррасии масъалаҳои ҳалталаб иброз доштанд, ки барои беҳдошти вазъи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳайати шахсӣ ба татбиқи нақшаи барномаҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон аз машғулияти рӯзмарраи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки дар замони ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо набзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккаб арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ зарур аст, ки зимни гузаронидани дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ оид ба болоравии сатҳи донишу малака, маънавиёту маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинию зиракии сиёсии сарбозон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид






