Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ташкили ҳамоиш таҳти унвони «Нақши бонувон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ» масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Ҳотамшо Содиқзода, саҳми занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рафти чорабиниҳо, пешгирӣ ва ошкорнамоии кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок, бурдани корҳои тарғиботии тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иқдомоти созанда ба нафъи ҷомеа назаррас мебошад.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон, намунаи олии эҳтиром ба зан-модар мебошад. Нишонаи боварӣ ба истеъдод ва коргузории ҷинси латиф боз дар он таҷассум меёбад, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар паҳлуи мардон истода, сарбаландона дар самтҳои фаврию тафтишотӣ, криминалистӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар хизматҳо фаъолият мебарад.
Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳиссагузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳнамоии ватандӯстона ва масъулиятшиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ буд, ки аз ҷониби Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






