Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд

Июль 12, 2024 14:31

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси ташкилот Субҳиддин Шамсиддинзода  зимни пешниҳоди ҳисобот иброз намуд, ки  нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар руҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории ҷамъомадҳои гуногун ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилот нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи он то ин муддат як зумра корҳо анҷом дода шудаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Ба гуфти номбурда, маҳз Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ҳама вазъият дар назди мардум бошанд ва исбот намоянд, ки ҳамеша дастгиру мададгори халқ мебошанд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа боло меравад.

Дар идома раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардиданд. Инчунин бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» ҳамчун ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» номгузорӣ карда шуд.

Дар фарҷом тазаккур дода шуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» дар оянда низ фаъолияти хешро тибқи талаботи Оиннома, Барнома, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ба роҳ монда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар таҷлили ҷашни бузургӣ миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2024 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»