Дар Тоҷикистон филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мешавад

Июль 2, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон ва Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи амалишавии созишнома бунёди филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозомӯзии мутахассисони ду мамлакат  дар назар дошта шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, Созишномаи ҳамкорӣ дар доираи сафари кории Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Зимни ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ муовини директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон Файзалӣ Қосимов ва роҳбарияти Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд