Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд

Июль 25, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз аввалин донишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дастпарварон ва омӯзгоронаш дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла дар Лаҳистон, Испания, Италия, Португалия ва Австрия рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намуда, ҳоло дар донишгоҳ ва дигар сохторҳои мамлакат фаъолият доранд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода баён дошт.

Гуфта шуд, ки ташаккули эътибор ва густариши ҳамкории байналмилаллии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд ба ҳисоб рафта, барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ замина мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз моҳи январ то охири моҳи соли равон, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории судманди дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷии мамлакат, 12 нафар омӯзгорону пофессорони донишгоҳ барои табодули таҷриба ва иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ сафарҳои корӣ анҷом доданд.

Хайрулло Назарзода изҳор намуд, ки дар соли 2024 донишгоҳ дар самти ҳамкорӣ, табодули академӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъол дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Орадеаи Руминия, Қарағанда, Алама-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон, Аэрокайҳони шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар донишгоҳҳо ба роҳ мондааст.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3552 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз инҳо 25 нафарошонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид