Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»

Июль 5, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми даҳ соли охир ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки 1,5 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа» иброз доштанд.

«Сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбанд. Онҳо инчунин ба таъсиси паркҳои саноатӣ ва корхонаҳои муштарак нигаронида шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд», — тазаккур доданд Пешвои миллат зимни мусоҳиба.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар дурнамои дарозмуддат ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистону Чин, аз ҷумла сайёҳӣ, корҳои иктишофии геологӣ, содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба иқтисоди «сабз» ва «рақамӣ», зеҳни сунъӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз «технологияҳои сабз» мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон