Физикони ҷавони тоҷик барои иштирок дар Олимпиади байналмилалии «ISPHO» омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 15.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи панҷнафараи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Перу, Туркманистон ва Узбекистон ҷиҳати иштирок ва омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии «ISPHO» аз фанни физика, ба Донишкадаи физика ва техналогия шаҳри Москва сафарбар гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур 3-11 июли соли равон дар вилояти Мухтори Ханти-Мансийски Донишкадаи физика ва технологияи Москва (МФТИ) баргузор гардида буд. Ин навбат 21-30 июли соли равон дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дарсҳои лагери омӯзишӣ 12 июл оғоз ёфта, то 19 июл идома меёбанд.
Ҳадаф аз баргузории машғулиятҳо дар он аст, ки хонандагони мо дар ҷараёни омӯзиши имтиҳони таҷрибавии худ бештар ба қисматҳои амалӣ машғул мешаванд.
Хонандагон дар рафти омодагӣ аз таҷрибаи беназири олимони Русия барои омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии IPhO аз фанни физика дарс мегиранд. Дастаи мунтахаби Русия пайваста бо медалҳои тилло дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии IPhO мукофотонида мешаванд, аз ин рӯ омодагӣ барои дастаи мунтахаби мамлакати мо низ ҷолиб хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар дар қатори 23 мамлакати дунё дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO», ки аз 3 то 11 июл дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия аз фанни физика баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи сеюм гардиданд.
Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва баргузор карда мешавад.
АКС: Вазораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






