Футзалбозони тоҷик дар Тошканд бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Гватемала ва Қирғизистон бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Мусобиқаи байналмилалии дӯстона ба хотири гиромидошти собиқ президенти Ассосиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов, ки аз 19 то 24 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи Тошканд дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Гватемала ва Қирғизистон иштирок намуда, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр бо ҳам бозӣ мекунанд. Сипас ду дастаи аввал дар финал байни ҳам вомехӯранд ва дастаҳои мунтахабе, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон иштирок дар мусобиқа ба хотири Мираброр Усмонов як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14 сентябр то 6 октябри соли равон дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби яккачинҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






