Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бидуни Ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ бо сокинон дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, бо ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.
Инчунин дар доираи сафар, гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Мотравн вохӯрӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани малакаи зеҳнии ҷавонону наврасони маҳал бо онҳо тариқи саволу ҷавоб суҳбат намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Инчунин байни ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир шуд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






