Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ маҳоратозмоӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президент» дар шаҳри Душанбе озмуни «Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра» баргузор гардид. Дар он 118 нафар хонандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок карда, барои ба даст овардани аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра донишозмоӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Танҳо хонандагони болаёқату соҳибистеъдоде метавонанд аттестати аълои универсалӣ ва равиявиро бо медалҳои тилло ва нуқра ба даст оранд, ки ҳамаи фанҳои барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро дар сатҳи аъло аз худ намудаанд.
Тибқи Низомномаи ин озмун, дар он хонандагоне иштирок карда метавонанд, ки синфи 9-умро бо аттестати аъло ва имтиҳонҳои синфи 10, 11-ро бо баҳои 5 ва рафтори намунавӣ хатм кардаанд.
Озмун ду бахшро дар бар гирифта, дар бахши аввал довталабон аз фанҳои забон ва адабиёт ва риёзиёт имтиҳон супориданд. Қарор аст, ки дар идомаи озмун довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон супоранд. Натиҷаи озмун баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Барои гузаронидани санҷишҳои фаннӣ бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат комиссияҳои фаннӣ таъсис дода шудаанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






