Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Июль 19, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат  хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19  дараҷа гарм, рӯзона 25+30  дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21  дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июль 19, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад