ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад

Июль 25, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 57,2 миллион тонна молу маҳсулот интиқол дода шуда, гардиши мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 469,8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 25 июл нақлиётчиёни Тоҷикистон иди касбии худ- Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилиро таҷлил менамоянд.

Нақлиёти автомобилӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Чун Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофиаш сарзамини кӯҳистон аст ва роҳи баҳрӣ надорад, аз ин рӯ нақлиёти автомобилӣ дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши муҳиму калидӣ мебозад.

Дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ 2275 корхона фаъолият менамояд

Тавре дар Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ 2275 корхона фаъолият дорад, ки аз он 210 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 6-терминали боркашонӣ, 41-терминали мусофирбарӣ, 1947 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир, 71 қароргоҳ ташкил медиҳанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 934 хатсайри мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 666 ҳазор воситаҳои нақлиёт дар ҳаракат аст

Ба ҳолати 1 январи соли 2024, тибқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 666 074 адад воситаи нақлиёт (воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 655990, мотосикл 4071, ядакҳо 5167, нимядакҳо 846), аз ҷумла, боркаш — 52 ҳазору 362, мусофирбар — 16 ҳазору 554, сабукрав – 587 ҳазору 074, махсус – 6013 ва мотосикл 4071 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 64938 адад ё 10,8 фоиз зиёд мебошад. Аз он дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ 54 ҳазору 573 воситаҳои нақлиёт ё тақрибан 10,3 фоиз фаъолият мекунанд.

Чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад

Бо шарофати дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи нақлиёти мамлакат беш аз пеш рушд менамояд. Алҳол дар соҳаи роҳу нақлиёт 4 барномаи соҳавӣ, ки дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Яке аз онҳо «Барномаи давлатии рушди мақсадноки комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мебошад, ки дар он афзалиятҳои асосии рушди нақлиёти автомобилӣ, ба роҳ мондани сатҳи нави ҳамкории байналмилалӣ, ташкили шабакаҳои муосири логистикӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ба интиқолдиҳандагони байналмилалӣ муайян гардидааст.

Рушди низоми логистика ва нақлиёти барқӣ

Инчунин «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2022 қабул гардидааст, муҳлати татбиқи Барнома то соли 2028 пешбинӣ шуда аз ду марҳила иборат аст. Айни замон Нақшаи амали барнома барои солҳои 2023-2025 амалӣ шуда истодааст, ки ҳадафаш рушди нақлиёти барқӣ дар мамлакат мебошад.

Дигар барнома «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» буда, он бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 28 октябри соли 2023 қабул шудааст ва мақсадаш рушди низоми логистика дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Муҳлати татбиқи Барнома то соли 2028 пешбинӣ шуда, аз ду марҳила иборат аст. Айни замон Нақшаи амали Барнома барои солҳои 2023-2025 амалӣ шуда истодааст. Инчунин «Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат 31 декабри соли 2020 ба тасвиб расидааст, аз ҳамин қабиланд.

Ба ҷумҳурӣ низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ворид карда шудааст

Бо дастгирии Бонки Осиёии рушд аз ҷониби ширкати «Data Collection limited» (DCL)-и Зеландияи Нав низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард равона мешавад.

Айни замон аз 5 567,9 километ роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи истифодаи умум дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарордошта, 3 176,9 километр ё ин ки 57,1 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ карда шудааст.

Маълумоти ҷамъовардашуда дар якҷоягӣ бо машваратчиёни байналмиллалии ширкати «Corporate Solutions» ҷиҳати омода намудани харитаи электронӣ мавриди коркард қарор дорад, аз ҷумла: барои муайян намудани хатти ҷудокунандаи болопӯши роҳҳои автомобилгард аз рӯи намуд, намуди болопӯши роҳи автомобилгард, хатти ҳаракати роҳ ва муайян намудани синфҳо (клас)-и ҳолати камбудиҳо дар болопӯши роҳ.

Раванди татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон

Бунёди роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, сохтмони пулу нақбҳо, ки ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат –баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати воҳид табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамоянд, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ соли равон тибқи нақша, дар ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 436 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 23 пул бо дарозии 1,9 километр, 3 нақб бо дарозии 5,2 километр ва 156 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта ба истифода дода мешаванд, ки инҳо: роҳи Роғун-Обигарм –Нуробод 76 километр, Бохтар-Леваканд –Лолазор –Данғара 69 километр, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 километр ва нақби «Истиқлол» марҳиллаи 2 мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Июль 25, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон