ИМРӮЗ-РӮЗИ МАЪЮБОН. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл дар мамлакат Рӯзи маъюбон эълон гардидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 164 ҳазору 631 нафар шахси маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора гурӯҳи I — 17 ҳазору 678 нафар, гурӯҳи II -80 ҳазору 243 нафар, гурӯҳи III- 33 ҳазору 58 нафар ва кӯдакони маъюби то 18-сола 33 ҳазору 648 нафарро ташкил медиҳанд. Бахшида ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон Қудратулло Қурбонзода ҳамсуҳбат гардид.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли равон раванди таҳия гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» ба анҷом расида, бо вазорату идораҳо мувофиқа гардидааст, ки то моҳи сентябри соли равон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Қудратулло Қурбонзода иттилоъ дод, ки дар махзани ягонаи иттилоотии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 1229 нафар нафақагири маъюби мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳиссаи маъюбон нисбат ба теъдоди аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба 1,57 фоиз баробар буда, сол аз сол ин нишондод нисбатан коҳиш ёфта истодааст.
“Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст»-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Қудратулло Қурбонзода шарҳ дод, ки дар мамлакат барои дастгирии маюбон асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд.
Ба иттилои номбурда, «Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Миллаи Мутаҳид оид ба хуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шудааст».
«Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи Созмони Миллаи Мутаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва тасдиқи (ратификатсияи) минбаъдаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд»,- тазаккур дод ӯ.
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба беҳбуд бахшидани шароиту имконоти онҳо мусоидат мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






