Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Июль 2, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.

Ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар назар аст.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
Пагоҳ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сафири Тоҷикистон нусхаи Эътимодномаи худро дар Вазорати корҳои хориҷии Миср супорид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок намуд
Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малта ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид
Ян Борг: «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Малта кумак ва ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият мебахшанд»
Сафири Тоҷикистон бо ҳокими вилояти Аҳали Туркманистон мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё иштирок намуд
Тоҷикистон оид ба таъсис додани Маркази вокуниши гуманитарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Хатлон пешниҳод намуд