Ян Борг: «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Малта кумак ва ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият мебахшанд»
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Ҷумҳурии Малта кумак ва ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд», — гуфт имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг.
«Имсол мо сисолагии ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҷлил менамоем. Давоми ин солҳо садҳо лоиҳаҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардидаанд. Дар мулоқот масъалаи тақвияти сарҳад баррасӣ шуда, оид ба афзалиятҳои ҳамкории баъдӣ изҳори назар намудем», — таъкид кард Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо.
Ян Борг изҳор дошт, ки дар мулоқот инчунин масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Афғонистон баррасӣ гардиданд, ки ҷонибҳо ҳамкории судмандро бо шарикони байналмилалӣ дар пойдории сулҳу субот дар минтақа зарур шумурданд.
«Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Малта кумак ва ҳамкориро бо мардуми Тоҷикистон идома хоҳад дод», — гуфт дар анҷом Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






