Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид

Июнь 27, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 27.06.2024  /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ бо иштироки шаҳрвандони муқими кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардидааст ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.

Дар ҷамъомад инчунин аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон ёдовар гардида,  ҳамватанон даъват  шуданд, ки ба донишомӯзӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги ғании мамлакатамон дар хориҷа таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

Июнь 27, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид