Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон зиёда аз 120 000 нафар сайёҳон ва сокинони мамлакат осорхонаҳои ҷумҳуриро тамошо карда, бо таърихи қадимаи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Тоҷикистон 66 осорхона, аз ҷумла, 3 осорхонаи тобеи Вазорати фарҳанг, 3 осорхонаи вилоятӣ, 47 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 12 хона-музей фаъолият доранд, ки дар онҳо 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ин шумора 173396 адад нигораҳо дар осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ осорхонаҳои муосир бунёд мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон натанҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд».
Мавриди ёдоварист, ки моҳи марти соли 2013 бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба таври муосир бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Он бо маҷмааи бошукуҳи Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфтааст. Бинои Осорхонаи миллӣ аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикӣ ва муосир буда, бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардидааст.
Осорхонаи миллӣ дорои чор шуъбаи экспозитсионӣ-табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ мебошад.
Ин муассисаи бузурги фарҳангӣ аз 22 толори намоиши осори таърихӣ, аз қабили толори Истиқлолият, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кулолгарӣ, мисгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, рассомӣ, сиккаҳо ва ғайра иборат буда, беш аз 100 корманд дар он фаъолият менамоянд. Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи халқи тоҷик аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар толори мудаввар яке аз ёдгориҳои машҳуру камназири Тоҷикистон — муҷассамаи Буддо ба намоиш гузошта шудааст.
Тавре дар суханронӣ зимни ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ 20 марти соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «дар бисёр осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон намунаҳоеро аз ёдгориҳои таърихи куҳани тоҷикон пайдо кардан мумкин аст. Масалан, дар Осорхонаи Британияи Кабир қариб 180 адад осори гаронбаҳои таърихи ниёгони мо маҳфузанд, ки бо номи «Хазинаи Амударё» шуҳрат доранд. Бостоншиносон ин ёдгориҳоро тоҷи заррини санъати нафиса ҳисобидаанд. Онҳо ба фарҳанги олии Бохтари даврони Кушониён тааллуқ доранд ва аз ҳазорсолаҳои дур ба мо паём меоваранд».
«Бо ҷаҳду талоши Ҳукумати Тоҷикистон нусхаи чанд ёдгории «Хазинаи Амударё» аз ҷониби Осорхонаи Британияи Кабир ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид ва мо мақсад дорем дар оянда нусхаҳои қисми боқимондаи ин ёдгории гаронбаҳоро ба даст оварем, то мардуми мо бо ганҷинаи осори ниёгонамон аз наздик шинос шаванд»,- афзуданд Сарвари давлат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар» / манбаъҳои боз








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






