ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Омӯзгори ташаббускор Намозалӣ Ашуров аз Восеъ дар кишоварзӣ ҳам муваффақ аст
ВОСЕЪ, 14.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни биологияи мактаби №14-и Ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Намозалӣ Ашуров дар баробари омӯзгорӣ, инчунин ба кишоварзӣ низ машғул мебошад. Ӯ дар хоҷагии деҳқонии худ дар 3 гектар навъи пахтаи «Ирам» ва дар 2 гектар картошка, пиёз, булғорӣ, помидор, бодиринг, ҷуворимакка ва лубиёгӣ кишт намудааст. Номбурда айни замон ҳосили бархе аз маҳсулоти парваришнамудаашро ҷамъоварӣ карда, гузаронидани кишти такрориро ба нақша гирифтааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Намозалӣ Ашуров, гуфт, ки тӯли 23 сол мешавад, ки ба тарбияи насли наврас машғул мебошад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки дар чандин озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, мавсуф хоҷагии деҳқонӣ низ дорад, ки тули 9 сол мешавад дар он бо аҳли оилааш меҳнат менамояд. Онҳо дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва доштани таҷрибаи хуби деҳқонӣ ҳамасола аз замин ҳосили фаровон мерӯёнанд. Ин оила на танҳо хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин месозад, балки боқимондаи онро ба фурӯш бароварда, аз он фоидаи калон ба даст меорад. Аз ин ҷост, ки оилаи мазкур барои хароҷоти калон, аз ҷумла таъмири хона, харидани ашёи зарурии рӯзғор, таъмини шароити таълими фарзандон ва пасандоз намудан мушкилӣ намекашад.
«Дар замини наздиҳавлигӣ низ ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастем, дар ин ҷо навъи ангури «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед» ва «пешпазак» парвариш мекунем. Дар баробари ин 20 оила занбӯри асал дорем, ки ҳар сол то 300 килло асали хушсифат мегирем. Шуруъ аз моҳи март бо мақсади ба даст овардани асали хушсифат занбӯрҳоро ба кӯҳҳо мебарем, ки дар онҷо гиёҳҳои шифобахш зиёд аст», -мегӯяд омӯзгор.
Намозалӣ Ашуров таъкид намуд, ки «инсон маҳз ба воситаи меҳнати ҳалол ва пайвастаи ақлонию ҷисмонӣ обрӯю эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ҳар як касбу кор машаққату мушкилӣ дорад ва барои ба мақсад расидан онро бояд таҳамул созӣ».
«Меҳнат бе роҳат намешавад, гуфтаанд бузургони мо, ки дар ҳақиқат дуруст аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми моро ба самаранок истифода бурдани замин дар натиҷаи ҳамин ҳикмати ҳазорсолаи мардумӣ ҳидоят менамоянд»,- таъкид намуд Намозалӣ Ашуров.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст






