Китоби «Вожаҳои калидии Чин» нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (4-6 июли соли 2024) нашриёти «Бунёди адабии Айнӣ» китоби «Вожаҳои калидии Чин»-ро, ки маротибаи аввал ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ба табъ расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ – Ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» хабар доданд.
Ин маҷмӯа қисми аввали силсилаи бисёрзабонаест, ки зери унвони «Вожаҳои калидии Чин» аз ҷониби Раёсати Чин оид ба нашриёт ва густариш додани адабиёт ба забонҳои хориҷӣ ва Институти тарҷумашиносии Чин тартиб дода шудааст.
Он бар асоси омӯзиши консепсияи нав, ғояҳо ва стратегияҳои ҷадид, ки Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин бо сарварии Котиби генералӣ Си Ҷинпин матраҳ кардааст, аввал бо забони чинӣ таҳия гардида, баъдан ба забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудааст.
Ҳадафи китоби мазкур кушода додани мафҳум ва муҳтавои консепсияҳои махсуси чинӣ, ғояҳо, дастуру нишондодҳо ва ғайра, ҳамчунин расонидани онҳо ба хонандагони хориҷӣ дар шаклҳои фарогир, дастрас ва осонфаҳм мебошад. Хонандагон метавонанд барои дарки комилу дақиқи роҳҳои рушди Чин аз ин асар баҳраманд гарданд.
Аввалин маҷмуа аз сислсилаи «Вожаҳои калидии Чин» аз 5 боб иборат аст ва дар шакли дузабона соли 2016 интишор ёфтааст. То имрӯз ин китоб аз забони чинӣ ба 9 забони хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, испанӣ, арабӣ, олмонӣ, португалӣ, ҷопонӣ ва куриёӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Китоби «Вожаҳои калидии Чин» маротибаи аввал ба забони тоҷикӣ аз ҷониби сардори шуъбаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Эгамзод тарҷума ва нашр гардид, ки он туҳфаи арзишмандест барои доираи васеи олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни тоҷик, ки ба омӯзиши фарогири Чин машғул мебошанд.
Китоби мазкур бо дастгирии Сафорати Чин дар Тоҷикистон, мусоидати Институти Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ – Ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ба табъ расидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






