Коллеҷи хореографӣ ба номи Малика Собирова дар соли нави хониш ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави хониш Коллеҷи хореографӣ ба номи Малика Собирова барои 320 нафар ва Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барои 140 нафар хонанда ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов оғоз гардида буд. Дар як қисмати бинои мазкур Коллеҷи хореографӣ ва дар тарафи дигари он Коллеҷи санъат ҷойгир карда мешаванд.
Лоиҳаи бино тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 декабри соли 2021, аз ҷониби гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардида буд.
Шакли берунии бино ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шабоҳат дошта, масоҳати он 3600 метри квадратиро дар бар мегирад. Дар муассисаи таълимӣ дар баробари дигар утоқҳо бунёди 32 синфхонаи муосир ва 6 толори барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова» соли 2003 таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2007 таълимгоҳ ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик Малика Собирова гузошта шудааст. Дар коллеҷ мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тайёр карда мешаванд.
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қарор дошт. Соли 1950 омӯзишгоҳ ба бинои нав кӯчид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил дода шуд.
АКС: Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






