«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад

Июль 2, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Корвони саломатӣ» фаъолият намуда,  сокинон имкон доранд аз ташхис ва табобати ройгон истифода намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Дар «Корвони саломатӣ» ташхис ва табобати   бемориҳои даруна, кӯдакона, занона, асабшиноси кӯдакона ва калонсол, ҷарроҳии асаб, табобати бемориҳои дил, чашм, табобати равматолог, нефролог, ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндокринолог, табибони функсионалист, рентгеншинос, табобати урологӣ, табобати саратоншинос, табобати мамологро дар бар мегирад.

«Корвони  саломатӣ» имкон медиҳад, то сокинони  вилоят  дар баробари истифода аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ,  ҳамзамон аз тавсия ва маслиҳати табибони соҳибтаҷрибаи мамлакат низ бархӯрдор гардида, баҳри таъмини солимии хеш тавсияҳои муфид бигиранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат ҳаракати тиббию машваратии «Корвони саломатӣ»  ташкил гардидааст, ки дар доираи  он сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат ба хизматрасониҳои  тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид