Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро вусъат мебахшанд

Июль 3, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 03.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июли соли 2024 «Харитаи роҳ» байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонида шуд.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Харитаи роҳ бо мақсади вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» (17.09.2021 шаҳри Душанбе) ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур аз 12 банд иборат буда, барои ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои мунтазам байни мақомоти сайёҳӣ, туроператорҳои миллӣ ва агентиҳои сайёҳии ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон санад ҷиҳати манзур намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби мутақобилаи сармоягузорони Покистону Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таҳияи хатсайрҳо ва самтҳои муштараки сайёҳӣ дар масири Роҳи бузурги абрешим ва таблиғи минбаъдаи онҳо тавассути кумак дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ, форум, машварат ва намоишгоҳо мусоидат хоҳад кард.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»