Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб -интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад. Чунин омадааст дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 9 январи соли 2024, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон бо ин, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Дар баробари ин, музди маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла хона — интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон, шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар асоси фармони мазкур, инчунин маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо низ 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 40 фоиз зиёд мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд






