МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар ҳарорати баланд ба кӯдакон оби зиёд бояд нӯшонед
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тағйири иқлим ва ҳавои гарм ба саломатии инсонҳо таъсир расонида, боиси бемориҳои ғайрисироятӣ ва пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Ҳарорати баланд ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар мерасонад, зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм мубодила ва мувозинати оби организм метавонад вайрон шавад. Аз ин рӯ, ба кӯдакони худ бо меъёри муқарраргардид об нӯшонед ва рӯзона нагузоред, ки онҳо дар зери шуои сӯзони Офтоб зиёд гаштугузор намоянд. Ин матлабро муовини директори Маркази саломатии шаҳри № 3 оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак Рустам Қурбонализода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Ба гуфти Рустам Қурбонализода, дар фасли тобистон махсусан норасоии об дар организми кӯдакон ва калонсолон ҳолати хатарзо мебошад. Беобшавии бадани кӯдак аз назари табибон ҳолати фоҷеабор маҳсуб шуда, кори узвҳои ҳозимаи тифлро ғайрифаъол мегардонад. Аз ин рӯ ба кӯдакон ва наврасон дар як шабонарӯз нӯшидани як ва ё якуним литр об тавсия дода мешавад.
Ба кӯдакон ва наврасон бояд бештар оби ҷӯшонида дода шавад. Ҳамчунин дар шароити хона аз меваю сабзавот нӯшоба ва шарбат омода намудан зарур аст. Гашту гузар барои ин қишри ҷомеа аз соати 06:00 то 10:00 рӯз ва аз 06:00 бегоҳӣ тавсия дода мешавад. Тифлони то яксоларо, ки шири модар истеъмол мекунанд, тез-тез ва бардавом маконидан зарур аст, зеро дар таркиби шири модар ба миқдори кофӣ об мавҷуд аст. Инчунин ба онҳо нӯшонидани каме об давоми рӯз тавсия дода мешавад.
Рустам Қурбонализода иброз медорад, ки ба наврасон ва кӯдакон истеъмоли таоми шабмондае, ки баъзе модарон дар яхдон нигоҳ медоранд, қатъиян манъ мебошад. Инчунин аз истеъмоли обҳои ташнагишикани ранга, яхмосҳо ва таомҳои тезтайёр низ бояд худдорӣ намуд.
Ба гуфти табиб, модарон бояд ҳангоми дарунравӣ, шамолкашӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад. Аз ин рӯ бо кадом роҳе, ки набошад, барои пешгирӣ кардани беобмонии ҷисми кӯдак ҳарчи бештар ба ӯ об додан зарур аст.
Аломатҳои камобшавии бадани кӯдак инҳо мебошанд: кӯдак тез-тез ташна шуда, об мепурсад. Пӯсти луобпардаҳо хушк шуда, пешобаш кам мешавад. Кӯдакро ташнагии сахт, бемадорӣ ва хоболудӣ азият медиҳад. Кӯдак гиря мекунад, аммо ашк надорад. Ҳамчунин ҳолатҳои паст шудани фишор, тағйир ёфтани ҳарорати бадан ва тез шудани набз дида мешаванд. Дар ҳолати пайдо шудани чунин нишонаҳо ҳатман бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат намуд.
Табибон тавсия медиҳанд, ки инсон давоми як шабонарӯз бояд на камтар аз 1,5-2 литр об нӯшад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки истифодаи бештари об низ ба организм зарар дорад. Пас обро кадом вақт нӯшидан беҳтар аст?
Ба гуфти мутахассисон, инсон вақте аз хоб бедор мешавад, бояд як истакон об бинӯшад — ин ба «оғоз» кардани кори тамоми узвҳои дарунӣ кумак мекунад. Ҳамеша 30 дақиқа пеш аз хӯрок 1 истакон об бинӯшед. Ин ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо ва беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима мусоидат мекунад. Инчунин нӯшидани як истакон об пеш аз хоб ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо хоби беҳтар равед, балки бори дилро коҳиш диҳед.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






