Дар Панҷакент 5 муассисаи таълимӣ ва 115 синфхонаи иловагӣ бо 2875 ҷойи нишаст бунёд мешавад

Июль 29, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз тамоми воситаҳои маблағгузорӣ сохтмони бинои нав барои 5 муассисаи таълимӣ ва 115 синфхонаи иловагӣ бо 2875 ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ҷараёни бунёди таълимгоҳ аз ҷониби бинокорони ширкати сохтмонии «Су-3» шинос шуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати хуб анҷом додани сохтмон дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 240 ҷой дар як баст идома дорад.

Дар шаҳри Панҷакент барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин бо корҳои омодагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва сохтмони майдончаи замонавии варзишӣ дар назди он, ки бо саҳми сокинони деҳа бунёд мешавад, шинос гардид. Дастур дода шуд, ки мактаб то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 29, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд