МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ. Дар ин мавзуъ дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ифротишавии мафкураи ҷомеа баён гардиданд, инчунин иҷрои Нақшаи амали «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсия бо суханҳои ифтитоҳии муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода, директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода, мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашо Вализода ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел оғоз ёфт.
Дар кори конфронс роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба мавзуъҳои мубрами имрӯза: асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамкорӣ ва дастгирии ноҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар пешгирии ин зуҳурот, барқарорсозӣ ва офиятбахшии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, ҳадаф, усул ва мушкилоти ин раванд бахшида шуданд.
Зимни маърузаҳо муҳтавои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027», «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони рушд ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии Стратегия, нақшаҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ташаббусҳои ояндаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






