Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург иштирок намуданд

Июль 1, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июни соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ дар Форуми 12-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар форум инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Ба иштирокдорони форум намоишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла дастовардҳои охирини мақомоти давлатии Федератсияи Русия, роҳҳои иноватсионии ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҷорӣ манзур гардиданд.

Усулҳои омӯзиш ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ, дигар воситаҳои муосири криминалистӣ, ки ба тафтиши самаранокии ҷиноятҳо, ошкор кардани шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Маркази экспертизаҳои судии назди Вазорати адлияи Федератсияи Русия, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат менамоянд, муаррифӣ  шуданд.

Вобаста ба фаъолияти ҳуқуқшиноси шинохтаи Федератсияи Русия, судя, айбдоркунандаи давлатӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Анатолий Кони намоишгоҳ ташкил гардида буд, ки дар он ашёҳои шахсӣ, аксҳо ва парвандаҳои маъмулии  ӯ муаррифӣ карда шуданд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид