НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2032 тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи татбиқ шудани барномаи «Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои давраи то соли 2032» аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳои мамлакат бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҷабалӣ Расулзода иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби ширкати австрялягии «Гидрофил» дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони дахлдори соҳа таҳия гаштааст.
Айни ҳол барнома барои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудан, дар доираи гурӯҳи корӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дошта, то охири соли равон мебояд тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шавад. Барнома ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар деҳоти ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад.
Гуфта шуд, ки агар барнома то охири сол қабул гардад, пас он барои солҳои 2024-2032 амалӣ карда мешавад. Дар доираи ин барнома тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳо ба инобат гирифта шудааст, ки онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин ва нуқтаҳои обҳои партов (канализатсия) таҷдиду барқарорсозӣ хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз шумораи 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






