ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июл аз соати 06:00 то 16-00 интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии «Неругоҳи барқи обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб» мувақққатан қатъ карда мешавад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С. Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
— ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н. Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д. Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С. Айнӣ аз биноҳои 1 то 77;
— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
— ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






