ОБРО БАР МАЗРАИ ДЕҲҚОН БИДЕҲ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи ҷашни Тиргон

Июль 1, 2024 13:45

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 30 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи гардидани ҷашни Тиргон, аҳамияти он барои кишоварзон ва миллати тоҷик, инчунин дигар масъалаҳои ба он рабтдоштаро Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло шарҳ дод.

— Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон иброз намуданд, ки «ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд».

Вақте ки дар бораи самараҳои неки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ меандешем, хусусан дар мавриди худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, эҳёи суннату маросимҳои волои таърихии халқамон ва эҳёи садҳо ойину аъанаҳои инсондӯстонаи он сухан меронем, эҳсос мекунем, ки эҳёи дубораи воқеии ин сарзамини куҳанбунёд ва ин миллати озодаманиш дар пеши чашми мо рух медиҳад. Мо, инсонҳои хушбахтем, ки ҳамчун сокинони ин сарзамини таърихӣ дидани ин ҳама хуҷастагиҳои эҳёи навини мамлакатамон, ки армони ҳазоронсолаи халқамон буд, маҳз насиби мо гардидааст.

Дар мавриди эҳёи чаҳор маросими бузурги миллии халқамон «Наврӯз», «Сада», «Меҳргон» ва «Тиргон» бисёр суханҳо гуфта шудааст. Ин ҷаҳор маросими миллии халқи бафарҳанги мо ҳамон чаҳор унсури азалист марбут ба обу хоку боду оташ, ки дар бунёди ин чаҳор маросими мо чун рамзҳои бузург ҳузур доранд. Эҳёи дубораи ин чаҳор маросими миллӣ ва даҳҳо касбу ҳунари мардумӣ, ойину суннатҳои миллӣ, бегумон, самараи Истиқлолияти далатӣ ва самараи сиёсати худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллист, ки Ҳукумати Тоҷикистони навин ва хусусан Пешвои дурандешу ватандӯсти миллатамон аз рӯзҳои нахустин пеш гирифтаанд. Самараи сиёсати ввтандӯстонаи Пешвои милатамон аст, ки оқибат дар қатори се маросими бузурги аз нав эшёгардида — Наврӯз, Сада, Меҳргон акнун маросими таърихии Тиргон низ эҳёи дубора ёфт. Зеро чаҳор маросими миллии мо чаҳор фасли солро фаро гирифта, бе яке комил нахоҳанд буд. Хусусан маросими Тиргон, ки ҷашни яке аз унсурҳои асосии чоргонаи табиат об буда, рамзи тавлиди ҳаёт, рамзи рӯшноӣ, рамзи ҳосил ва баракати рӯзгори инсон аст. Хуҷастагиву дурандешии Пешвои миллати мост, ки бо дарки завқи баланди худ ин холигоҳро пур карданд ва дар қатори се ҷашни номбурда, ки шарафманди саҳмгузорӣ бар эҳёи онҳоро доранд, ташаббускори эҳёи ин ҷашни азёдрафта ва барқарории он дар рӯзгори мардумамон шуданд. Ин ки ин маросими хеле таърихӣ ҳатто дар асрҳои миёна фаромӯш шудаву аз байн рафта буду танҳо имрӯз дар замони мо эҳёи дубора ёфт, бозгӯи бисёр фазилатҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллатамон мебошад.

Тиргон, ки ҷашни обу рӯшноист, аз номи Тир – Худои обу борон гирифта шудааст ва бо вуҷуди аз байн рафтанаш дар асрҳои миёна, дар байни халқи мо ҳамеша маҳфуз буд ва дар фасли тобисон, бо номҳои ашагулон, сусхотун, чиллахотун то ҳамин солҳои наздик барои даъвати борон дар байни мардум иҷро мешуд.

Имрӯз ҷашни мубораки Тиргон дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвоми миллатамон ба худ расму русум ва маъниҳои тозаи имрӯзӣ мегирад ва дар паёми шодбошии худ Президенти муҳтарамамон аз фазилатҳои он ёдовар шудаанд. Ҳадафи навини он имрӯз фаровонӣ, ободу пурбаракат кардани дастархони пурфайзи мардуми ҷумҳуриамон мебошад.

Мардуми заҳматкаши мамлакатамон дар паёми шодбошии Президент равона ба он карда шуданд, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёконамон, аз ҷумла, суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираҳои маводи зарурӣ дар хонаводаҳо ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ бидиҳанд.

Тамоми маросимҳои мардумии мо, аз ҷумла Тиргон ҳадафҳои баланди инсондӯстиву хайрхоҳона дошта, бо худ файзу баракат ва фараҳу нишот мебаранд. Дар ин маврид аз шоирони гузашта, аз ҷумла Шамсии Фахрӣ чунин баён доштааст:

Ба рӯзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.

Дар ин ҷашн дар қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли даспона мебофтанд ва «тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯи Бод онро кушода ба бод медоданд.

Дар ин рӯз мардумони ориёӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандӣ мекарданд, ба якдигар об мепошиданд.

Дар байни тоҷикон дар иртибод бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд.

Чунон ки донишманди маъруфи фарҳангшиносамон Дилшод Раҳимов гуфтааст, «дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак, идомаи омиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошад».

Эҳёи навини маросими Тиргон дар қатори маросимҳои дигари миллии мо, ки ҳама инсондӯстонаву ба манфиати инсон равона карда шудаанд, гувоҳи онанд, ки миллати эҷодкор, созандаву ободгар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо сарварии Пешвои башардӯсти худ ба расолати таърихиву миллии худ содиқ буда, имрӯз дар замони эҳёи навини худ боз ҳам ғояву нийятҳои баланди милливу инсониро, ки ҳадафашон зиндагии неку осоишта, ҳамзистии баамнияти инсонҳо дар рӯи замин аст, пайгирӣ дорад. Ва аз ҳама ҷолибтар ин аст, ки имрӯз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллатамон ба он равона карда шудааст, ки эҳёи ин маросимҳо ба манфиати боло бардоштани сатҳи зиндагии халқамон, фаровонии ҳосил ва сериву пурии сокинони мамлакатамон, файзу баракати рӯзу рӯзгори онҳо мусоидат кунад. Ва мову шумо аллакай шоҳиди ба ҳадаф расидани ин мақсадҳои волову наҷиб ҳастем.

Инак, як сурудаи тоза, ки ба муносибати эҳёи навини ин ҷашни мубораки миллӣ бахшида шудааст, дар рӯзҳои ҷашни Тиргон, ки тантанааш аз замонҳои дерин якчанд рӯз идома мекард, тақдими хонандагони арҷманд мегардад.

ТИРГОН — ҶАШНИ МУБОРАК

Тиргон ҷашни фару эҳсон бувад,
Тир — номи Эзади борон бувад,
Ҷашни файзи об — атои осмон,
Лутфи Эзад бар кишоварзон бувад.

Тиргон омад, муборак, иди об,
Иди шодӣ, иди эҳсони саҳоб.
Тиргон — иди фари эҳсон бувад,
Иди покӣ, нусрати борон бувад

Эй Худо, борон бидеҳ, борон бидеҳ,
Обро бар мазраи деҳқон бидеҳ,
Бар дилу бар чашми одамҳо сафо,
Бар Замин – модар фурӯғи ҷон бидеҳ.

Тоҷикистон, меҳани оби зулол,
Сарзамини мардуми поку ҳалол.
Нусрати оби равонат зинда бод,
Тоҷикистон, Тиргонат зинда бод!

Тиргон, яъне, ки қадри об дон,
Покрӯву покҷону пок мон!
Сарафрозӣ кун ба гардунҳо, вале,
Пайки оби тозаро бар мо расон,

Об бошидан ба ҳар роҳи гузар
Об пошидан ба сӯи ҳамдигар,
То ки файзи об орад бар замин
Нусрати нав, бахту шобоши дигар.

Сарвари мо Пешвои оби пок,
Раҳнамову раҳкушои оби пок.
Тиргонро дод оғози дигар,
Дар варои босафои оби пок.

Тиргон омад муборак, дӯстон,
Иди борон, иди ҷӯбори равон,
Иди эҳёи замини ташнаҷон,
Тиргон омад муборак, тиргон!

Июль 1, 2024 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи технологии мамлакат дар ин мавзуъ
ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Назари коршинос дар бораи равобити ду мамлакат дар шароити нави рушди минтақа ва ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад
ТИРГОН ҶАШНИ ТОБИСТОН АСТ. Ин ҷашни миллии мо асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ ВА ШОИСТА. Андешаҳои профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Дар натиҷаи ҳамкорӣ танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак амалӣ гардид
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Ба зиммаи падару модар кадом уҳдадориҳо гузошта шудааст?
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ
ДАР ТОБИСТОН ИСТЕЪМОЛИ КАДОМ МАҲСУЛОТ МУФИД АСТ? Назари мутахассис дар ин мавзуъ