ОГОҲИИ АГЕНТИИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бештар мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ ва сар задании селҳои маҳаллӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агенти обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.
1 ва 2 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта боқӣ мемонад.
Инчунин аз 1 то 3 июл эҳтимолияти дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Зеро ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотимаи Рустамхон иброз намуд, ки дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегирад. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд.
Дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кориашонро тоза нигоҳ доранд.
«Шахсоне, ки бемориҳои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро дар чунин ҳаво шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ, бемориҳои тарбодӣ азият мекашанд. Инчунин ин гуна ҳаво ба шахсони гурӯҳи осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон зарар дорад», — иброз дошт ӯ.
АКС: АМИТ «Ховар»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






