Санъат Раҳим: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст»
ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби нозироти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок ва 6 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотии хадамот ба хабарнигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст. Дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи нохуш, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи нохуш ва дар шаҳри Душанбе 2 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.
Санъат Раҳим сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолиро бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор кардан бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафтӣ кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ҳамчун надоштани мутахассисони соҳавӣ арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шудааст.
Таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар назар аст машваратҳои техникӣ соҳа ба соҳа гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ — профилактикӣ дар корхонаҳои зериназоратӣ зиёд карда шавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






