Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд

Июль 29, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 29.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои обу иқлим баррасӣ шуд.

“Аз Шумо барои ҳамкории босамар, аз ҷумла дар ташкили конфронсҳои мавзӯӣ, пеш аз ҳама оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар кишвари мо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид, миннатдорем”-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти минбаъдаи нақши Созмони Милали Муттаҳид дар умури байналмилалӣ мебошад ва саъю кӯшишҳои онро барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва рушд хеле муҳим мешуморад”.

Қабули 10 қатънома аз рӯи ташаббусҳои Тоҷикистон ва ҷонибдории кишварҳои аъзои созмон аз иқдомҳои байналмилалии кишвари мо натиҷаи ҳамкории судманди ҷонибҳо номида шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба пешбурди минбаъдаи Раванди оби Душанбе ва соли 2028 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об ва дар чорчӯби он баррасии ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян 29.07.2024

Июль 29, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд