Сарвазири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот Қоҳир Расулзода Федератсияи Русияро шарики асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф низ дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор дошт.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «INNOPROM» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
АКС аз манбаъҳои боз










Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






